Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари тозаи Узбакистон дар бораи Ислом Каримов


Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Узбакистон мегӯяд, ки Ислом Каримов, раиси ҷумҳури ин кишвар бо Йерлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон мулоқот кардааст. Баъди боло гирифтани сару садо дар бораи ба сактаи қалб гирифтор шудани Ислом Каримов дар як ҳафтаи пеш ин нахустин хабари расмист аст, ки дар бораи ӯ нашр мекунанд. Баъди рақсидан дар ҷашни Наврӯз дар рӯзи 19 март, Ислом Каримовро дигар дар мазҳари ом надиданд ва баъди ин гурӯҳҳои мухолифи давлат дар хориҷ аз Ӯзбакистон гуфтанд, ки ӯ ба сактаи дил гирифтор шудааст. Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов низ дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки овозаҳо дар бораи бемории падараш, “талош барои табоҳ кардани зиндагии дигарон аст”. Ислом Каримови 75-сола, аз замони суқути шӯравӣ то кунун 25 сол аст, ки Ӯзбакистонро идора мекунад.
XS
SM
MD
LG