Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар як гӯшаи Аврупо


Нобовар Чаноров бо гурӯҳи Шамс ва Шабнами Сурайё базми наврӯзии Берлинро гарм мекарданд.
Нобовар Чаноров бо гурӯҳи Шамс ва Шабнами Сурайё базми наврӯзии Берлинро гарм мекарданд.
Дар шаҳри Берлин имрӯз тоҷикони муқими Олмон ва дигар гӯшаҳои Аврупо дар як толори бузурге Наврӯзро таҷлил карданд. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин ҷашн бо риояти тамоми суннатҳои наврӯзӣ баргузор шуд, тақрибан 500 нафар, меҳмонони хориҷӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд.


Дар Наврӯзи Берлин, ки сафорати Тоҷикистон дар Олмон баргузор кард, гурӯҳи Шамс, таҳти раҳбарии Нобовар Чаноров ва овозхони шинохтаи тоҷик ва Шабнами Сурайё консерт даъват шуда буданд ва дар ҳузури меҳмонон ҳунарнамоӣ карданд. Шоираи Раҳимҷон аз адибони ҷавони кишвар низ ба ҷашни Наврӯз дар ин гӯшаи Аврупо даъват шуда буд ва барои ҳозирон аз ашъори зебои худ қироат кард.

Наргис Аҳмадова Умедҷон Исмоилов дар Фрайбург сукунат доранд.
Наргис Аҳмадова Умедҷон Исмоилов дар Фрайбург сукунат доранд.
Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, як унсури ҷолибе, ки дар таҷлили Наврӯз дар Берлин изофа кардаанд, супурдани шаҳодатномаи ақди никоҳ ба ду ҷавони тоҷик, Наргис Аҳмадова, донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Фрайбурги Олмон ва Умедҷон Исмоилов, тоҷири тоҷик буд, ки ҳарду ҳоло дар ҳамин шаҳр сукунат доранд.


Дар худи Тоҷикистон мардум бо шарофати Наврӯз 6 рӯз истироҳат доштанд.
XS
SM
MD
LG