Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи нахустин "сафорат"-и мухолифини Сурия


Эътилофи миллӣ – як гурӯҳи умдаи мухолифини Сурия, ки аз сӯи Лигаи Араб намояндаи томулихтиёри ин кишвар эътироф шуд, нахустин «сафорат»-ашро боз кард. Раҳбари эътилоф Муоз Хатиб аз расми ифтитоҳи намояндагии созмонаш дар Қатар барои интиқоди нокомии қудратҳои ҷаҳонӣ дар амри кумак ба чирикиҳое, ки алайҳи режими Башор Асад меҷанганд, истифода бурд. Хатиб чанде пеш аз раҳбарии ин ташаккул истеъфо дод, вале ҳанӯз кафили раёсаташ боқӣ мемонад. Дар нишасти дирӯзаи Лигаи Араб дар Доҳа курсии Сурияро ба Эътилофи миллӣ доданд. Русия имрӯз ин тасмими Лигаи Арабро «боз як иқдоми зидди Сурия», «номуносиб» ва хилофи қонунҳои байналмилалӣ номид. Эрон гуфт, ки ин иқдом «дарро ба рӯи рафтори хатарнок боз мекунад.»
XS
SM
MD
LG