Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз, дар Душанбе Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон дари худро ба рӯйи мардум боз намуд.

Тарҳи осорхонаи нав, ки бо истифода аз фанновариҳои муосир бунёд шудааст, хеле мунаққаш ороста гардида, иборат аз чаҳор табақа мебошад. Ва мероси осорхона, бо тартиби муайян, шуруъ аз асри сангӣ то таърихи навини кишвар дар толорҳо бо тартиб таҳия гардидааст.

Ба гуфтаи масъулини Осорхонаи миллӣ, осори мавҷудаи осорхона наздики 50 ҳазор адад аст ва айни замон ҳудуди 20 дарсади он ба намоиш гузошта шудааст. Аммо ба қавли онҳо, ҳамаи мероси мавҷудаи осорхона бо навбат ба намоиш бароварда хоҳад шуд.

Ҳамчунин барои такмили захираи осори таъриху фарҳангӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, осори таърихиро аз дасти мардум ба тариқӣ туҳфа мегирад ва низ харидорӣ мекунад.

Ба гуфтаи Абдувалӣ Шарифов, мудири Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ин барои бори авввал аст, ки барои тамошои осорхона дар кишвар, мардум навбат меистанд ва ин ҳам дар рӯзҳои иди Наврӯз иттифоқ уфтод.

Аммо тавре ба назар мерасад, таваҷҷуҳи мардум барои тамошои осори таъриху фарҳанги кишвар ба маротиб афзудааст ва ҳузури хусусан ҷавонон дар ин осорхона бештар ба мушоҳида мерасад.

Гузоришгари видеоии «Озодӣ» низ аз ин осорхона дидан кард ва навори зеро таҳия намуд:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG