Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян тамоми хутути иртибототиро қатъ мекунад


Кореяи шимолӣ бо ин ҳушдор, ки ҷанг “метавонад ҳар лаҳзае дар бигирад”, гуфт, тамоми иртибототи низомӣ бо Кореяи ҷанубиро қатъ мекунад. Пхенян имрӯз хатти тамосеро, ки барои ҳамоҳанг сохтани сафари коргарони Кореяи ҷанубӣ ба як маҷтамаъи саноатии Кореяи шимолӣ кумак мекард, бурид. Пхенян қаблан хутути иртиботӣ бо Салиби Сурх ва бо фармондеҳии нирӯҳои Амрико дар марз бо Кореяи ҷанубиро низ қатъ кард. Кореяи шимолӣ ҳамин тавр, рӯзи чоршанбе раисиҷумҳури Кореяи ҷанубӣ Пак Геун-Ҳиро ҳушдор дод, ки «забонашро нигоҳ бидорад», вагарна “дучори фалокат хоҳад шуд.” Пак аз Пхенян даъват карда буд, ки сиёсаташро тағйир дода, аз аҳдофи ҳастаӣ даст бардорад. Пак рӯзи сешанбе гуфт, танҳо роҳи наҷоти Кореяи шимолӣ «қатъи иғвову таҳдидҳо ва манъи мушакҳову силоҳҳои ҳастаист.» Пхенян дирӯз эълон кард, ки мушакҳояш акнун пойгоҳҳои Амрико дар Гуам, Ҳавайи ва дохили Амрикоро ба ҳадаф гирифтаанд. Вазорати дифоъи Амрико гуфт, ба «ҳар навъ ҳолат» омода ҳаст. Амрикову Кореяи ҷанубӣ ба машқҳои муштараке пардохтаанд, ки то поёни моҳи апрел давом мекунад.
XS
SM
MD
LG