Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паёми Умаралӣ Қувватов аз боздоштгоҳи Дубай


Қувватов бо вакилаш Николай Николаев дар додгоҳи Дубай

Қувватов бо вакилаш Николай Николаев дар додгоҳи Дубай

Умаралӣ Қувватов, соҳибкори фирории тоҷик ва раҳбари «Гурӯҳи 24» имрӯз бо нашри як паёми садоӣ аз худ дарак дод ва гуфт, ӯро ин ҳама муддат мақомоти Имороти Араб ба хотири ҳифозати ӯ аз таҳдидҳо ва ҳатто хатари сӯъиқасд ба ҷонаш пинҳон карда буданд. Қувватов дар ин паём гуфт, мақомоти Тоҷикистон натавонистанд ба истирдоди ӯ ноил шаванд ва аз ин рӯ, роҳи таҳдидро пеш гирифтанд: «Сипос ба шайхҳои араб, ки маро аз ин ҳама ҳимоят карданд ва нагузоштанд, ки душманони сиёсии ман аз ин вазъ истифода кунанд.» Пайвандони Қувватов қаблан гуфта буданд, ки ӯ тақрибан аз 15 март нопадид шудааст. Ба дунбол, мақомоти Душанбе ва ҳам Интерпол ҳадсу гумонҳо дар бораи истирдоди Қувватов ба Тоҷикистонро радд карда гуфтанд, ки ӯ то ҳол дар Имороти Муттаҳидаи араб дар боздошт боқӣ мемонад. Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки соли гузашта тарки кишвар кард ва дар Маскав созмони мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод, рӯзи 23 декабр дар Дубай дастгир шуд. Ӯро дар Тоҷикистон ба фиребкорӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG