Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи тафтиши созмонҳои ғайридавлатӣ дар Русия


Мақомоти Русия тафтиши созмонҳои ғайридавлатиро дар саросари кишвар идома медиҳанд. Рӯзи 27 март додситонӣ ва пулиси андоз аз ҷумла дафтарҳоиTransparency International ва Human Rights Watch (HRW)-ро тафтиш кард. Елена Панфилова - намояндаи Transparency International дар Facebookнавишт, ки “онҳо ба инҷо омаданд. Рейчел Денбер- муовини мудири HRW дар умури Аврупову Осиёи Марказӣ гуфт, мақомоти додситонӣ ва пулиси андоз ба “бозрасии аз пеш эълоннашуда”-и дафтари ин созмон дар Маскав пардохтаанд. Мақомот мегӯянд, онҳо то куҷо бар муқаррароти қонуни нав дар бораи таъмини молӣ аз хориҷ амал кардани созмонҳои ғайридавлатиро тафтиш мекунанд. Ин тафтишҳо як ҳафта боз идома доранд.
XS
SM
MD
LG