Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози наворгирии "Марги бегуноҳ" дар "Тоҷикфилм"


Киностудияи «Тоҷикфилм» ба наворбардории филми нави «Марги бегуноҳ» оғоз кардааст. Асланшоҳ Раҳматуллоев, яке аз коргардонҳои филм ба «Азия Плюс» гуфт, ки «Марги бегуноҳ» бар пояи асари ҳамноми Кароматуллоҳи Мирзост ва дар бораи чигуна дар солҳои 90 силоҳ ба даст гирифтану ба ҷанги шаҳрвандӣ рафтани мардум дар Тоҷикистон қисса мекунад. Ба гуфтаи коргардон, ин филм барои бори аввал бо сабти садои зинда дар маҳалли наворбардорӣ таҳия хоҳад шуд. Коргардони дувуми филм Юнус Юсупов будааст.
XS
SM
MD
LG