Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Равшан” барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2013 шуд


Дастаи футболи «Равшан»

Дастаи футболи «Равшан»

Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон-2013 гардид.

Футболбозони дастаи “Равшан” дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки имрӯз, 27-уми март, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури 15 ҳазор тамошогар баргузор шуд, бар тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми кишвар, бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.

Ҳарду голро мизбонон дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонданд. Ҳамлагар Саламон Течи, легионери африқоии “Равшан”, дар дақиқаи 19-ум ҳисобро боз кард. Голи дувуми мизбононро легионери дигари африқоӣ Тико дар дақиқаи 44-ум ба ҳадаф расонд.

Дар замони изофӣ (90+4) Сардорбек Эминов, легионери “Регар-ТадАЗ” аз Узбакистон, тӯбро ба дарвозаи мизбонон ворид кард ва ҳисобро тағйир дод.

«Равшан» - «Регар-ТадАЗ» - 2:1. 27-уми март, Варзишгоҳи марказии Кӯлоб. 15 000 тамошогар.

Голҳо: Саламон Течӣ, 19 (1:0), Тико Фолей, 44 (2:0), Сардорбек Эминов (90+4) (2:1).

«Равшан»: Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Мусо Содиқ, Одил Эргашев, Самад Ҳоҷибоев, Девид Моуто (Бенҷамин Амонкува, 46), Сайриддин Ғаффоров, Ғикмат Расулов (Бахтиёр Ҳасанов,62), Давронҷон Тухтасунов, Саламон Течи, Тико Фолей (Индус Ҳусейнов, 66).
Сармураббӣ: Маъруф Рустамов.

«Регар-ТадАЗ»: Алишер Додов, Фабрисио Фрейтас, Фаррух Чориев, Бахтиёр Азизов (Далер Шомуродов,46), Акмал Сабуров (Аҳтам Ҳамроқулов, 50), Арие Элайҷо, Расул Файзов, Хуршед Маҳмудов, Сафар Каримов (Сардорбек Эминов, 53), Гершон Акуффо, Комил Саидов.
Сармураббӣ: Маҳмадҷон Ҳабибуллоев.

Огоҳонида шуданд:
«Равшан» - С.Ҳоҷибоев, Д.Тухтасунов, Т.Фолей.
«Регар-ТадАЗ» - Б.Азизов, Д.Шомуродов.

Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).


Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан”, баъди анҷоми бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: “ Бозӣ хеле хуб гузашт. Бачаҳо дастуре, ки мо, мураббиён, дода будем, иҷро карданд. Мо дар нимаи аввали бозӣ ду гол задем ва голи аввал, ки ба зудӣ зада шуд, ба бозигарони мо рӯҳу илҳом ва нерӯи тоза бахшид. Азбаски бачаҳои мо футболи кушода карда, пайваста ҳуҷум менамуданд, дар охири бозӣ каме хаста шуданд ва як гол хӯрдем. Рақибамон – “Регар-ТадАЗ”, ки пурқувваттарин даста аст, лаҳзаҳои хуби голзанӣ дошт, вале аз онҳо истифода карда натавонист. Чунон ки дар футбол мегӯянд, агар ту назадӣ, ба ту мезананд. Мо аз мухлисони даста аз замин то осмон розием. Ҳамеша онҳо моро дастгирӣ мекунанд ва ин дафъа ҳам ғалабаи мо, ин пеш аз ҳама, ғалабаи мухлисони даста мебошад. Бори дигар ба онҳо ташаккур мегӯям. Инчунин мо ин ғалабаро ба сарпарасти даста Маҳмадзоҳир Соҳибов, ки имрӯз соҳиби фарзанд шудааст, мебахшем.”




Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи футболи тоҷик Ҷоми олии Тоҷикистон барои бори чаҳорум доир шуд. Дар се бозии пешин дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб омада буд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ» барои севумин бор аст, ки дар Суперҷом ширкат кард ва ноком гардид. Дар ду бозии пешин футболбозони шаҳри Турсунзода аз дастаи “Истиқлол” шикаст хӯрда буданд.

Ва аммо дастаи «Равшан», ки барои аввалин бор дар ин мусобиқа иштирок намуд, муваффақ гашт ва бо Суперҷом мукофотонида шуд.




Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Ҷоми олии Тоҷикистон:

Соли 2010. Шаҳри Турсунзода. «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - 0:0. Замони изофӣ – 2:0.

Соли 2011. Шаҳри Қӯрғонтеппа. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:0. Замони изофӣ – 1:0.

Соли 2012. Шаҳри Ваҳдат. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1.

Соли 2013. Шаҳри Кӯлоб. «Равшан» (Кӯлоб) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — 2:1.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG