Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тоҷик сафири Русия дар Қатар мешавад


Бино ба гузориши сомонаи МК.Ру, Русия мехоҳад дипломати 60-солаи зодаи Тоҷикистон Нурмаҳмад Холовро сафираш дар Қатар таъйин кунад. Курсии сафири Маскав дар Доҳа аз замони барканории Владимир Титоренко дар моҳи марти соли 2012 холӣ буд. Барканории Титоренко дар пайи моҷарое буд, ки гӯё ходимони гумруки Қатар рӯзи 29 ноябри соли 2011 дар фурудгоҳи Доҳа бо ӯву ду ходими дигари сафорати Русия қариб дастбагиребон шудаанд. Нурмаҳмад Холов фарзанди раиси фақиди Раёсати Шӯрои олии Тоҷикистон Маҳмадуллоҳ Холов буда, аз соли 1975 дар сохторҳои вазорати хориҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Русия кор мекунад. Ин дипломати тоҷиктабор мақоми сафири фавқулоддаро дошта, феълан дар департаменти кор бо ҳамватанони вазорати хориҷаи Русия кор мекунад.
XS
SM
MD
LG