Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Аз 1 апрел дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар шурӯъ мешавад. Ин даъват то 31 май идома карда, ҷавонони воҷибулдаъвати соли таваллудашон аз 1986 то 1995-ро фаро мегирад. Ҳар сол ба артиши Тоҷикистон 15-16 000 нафар даъват мешаванд. Ҷамъи ҷавонони синну соли даъватӣ дар кишвар то 600 000 нафар гуфта мешавад. Аз ин шумор ҳудуди 150 000 нафар аз хидмат дар артиш озод буда, то 100 000 нафари дигар дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Мунтақидон мегӯянд, мақомот асосан ҷавонон аз хонаводаҳои фақир ва ба истилоҳ «бепушт»-ро ба аскарӣ мегиранд, вале фарзандони мансабдорон маъмулан қарзи муқаддаси хидмат ба Ватанро иҷро намекунанд.
XS
SM
MD
LG