Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Имрӯз дар варзишгоҳи Кӯлоб тими «Равшан»-и Кӯлоб – қаҳрамони мусобиқоти порсолаи футболи Тоҷикистон - бо барандаи ҷоми соли 2012 – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – барои Ҷоми олии Тоҷикистон вориди набард хоҳад шуд. Агар бозӣ мусовӣ анҷом шавад, тимҳо боз ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ бозӣ хоҳанд кард ва агар боз ҳам ғолиб маълум нашавад, сарнавишти Суперҷомро силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ муайян хоҳанд кард. Ҷоми олии Тоҷикистон соли 2010 таъсис ёфта, се навбати аввал ин ҷоизаро «Истиқлол»-и Душанбе бурдааст.
XS
SM
MD
LG