Пайвандҳои дастрасӣ

Тошкандро дар ҳамоиши Душанбе сафир намояндагӣ мекунад


Нишасти 11-уми вазирони умури хориҷии кишварҳои узви созмони "Муколамаи ҳамкории Осиё" дар Кохи Сомон баргузор мешавад.

Нишасти 11-уми вазирони умури хориҷии кишварҳои узви созмони "Муколамаи ҳамкории Осиё" дар Кохи Сомон баргузор мешавад.

Дар нишасти «Муколамаи ҳамкории Осиё», ки рӯзи ҷумъа дар Душанбе баргузор мешавад, 12 вазир ва 9 муовини вазири умури хориҷии кишварҳои узви ин созмон ширкат хоҳанд кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви созмони "Муколамаи ҳамкории Осиё" рӯзи ҷумъаи 29-уми март бо ширкати 12 вазир ва нуҳ муовини вазири корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон баргузор мешавад.

Аммо ба иттилои дафтари матбуоти вазоарти умури хориҷии Тоҷикистон, Узбакистонро дар ин ҳамоиш сафири он кишвар дар Душанбе намояндагӣ хоҳад кард.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, чаҳоршанбеи 27-уми март зимни брифинги матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки нишасти 11-уми вазирони умури хориҷии кишварҳои узви «Муколамаи ҳамкории Осиё» дар Кохи Сомон бо ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва суханронии вай ифтитоҳ ва баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Давлат Назриев, дар ин нишаст ҳамкориҳои кишварҳои узви созмон дар бахшҳои мухталиф баррасӣ шуда ва он бо тасвиби санади ниҳоии ин ҳамоиш бо номи «Эъломияи Душанбе», ба поён мерасад.

Қабл аз баргузории ин нишаст, фардо 28-уми март нишасти намояндагони кишварҳои узв сурат мегирад ва ҳайатҳо масоили мавриди баҳси ин нишастро баррасӣ мекунанд. Мулоқотҳои дуҷонибаи раҳбарони ҳайатҳо бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар назар аст.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир Раёсати созмони кишварҳои аъзои "Муколамаи ҳамкории Осиё"-ро ба ӯҳда дорад. Ин тасмим рӯзи 14--уми октябри соли 2012 дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои аъзои созмони "Муколамаи ҳамкории Осиё" дар Қувайт гирифта шуда буд.

Идеяи таъсиси созмони Муколамаи ҳамкории Осиё дар соли 2000 аз сӯи кишвари Тайиланд матраҳ шуд ва нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ин созмон ҳам дар соли 2002 баргузор шуд, ки ҳадафи аслии он, муколамаи созанда ба хотири рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳои аъзои ин созмон унвон мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон равобити ин кишвар бо аъзои созмони Муколамаи ҳамкории Осиёро муфид хонда ва онро омили густариши ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир 32 кишвари минтақа ва ҷаҳон, узвияти созмони Муколамаи ҳамкории Осиёро доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG