Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои уламои Тоҷикистон гурӯҳи имомхатибони масҷидҳои Тоҷикистон иборат аз 18 нафарро барои омӯзиши забони арабӣ ба Қатар ирсол доштааст.

Бо назардошти ин, ки ҷараёни салафия дар Қатар чун дигар кишварҳои шайхнишини ҳошияи Халиҷи Форс нуфуз дорад, Шӯрои уламо ба хотири эҳтимоли гароиши муллоҳои тоҷик ба ин ҷараёнҳо, имомхатибонеро интихоб кардааст, ки солхӯрда ва дар мазҳаби ҳанафӣ устувор мебошанд.

Атовулло Қосимов, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 27-уми март ба "Озодӣ" гуфт, барои омӯзиши забони арабӣ бар иловаи 18 нафар имомхатибон, ҳамчунин як нафар аз Дастгоҳи президент ва Кумитаи дини кишвар, маҷмуан 20 нафар барои омӯзиши забони арабӣ ба давлати Қатар фиристонида шудаанд. Ба гуфта ин манбаъ, давраи омӯзишии мазкур рӯзи 3-юми апрел ба анҷом мерасад. Ин гурӯҳи имомхатибон тақрибан як моҳ қабл аз ҷониби Шӯрои уламо ба Қатар фиристода шудаанд.

Гуруҳро Эшони Сайидҷони Сорбон, раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон ва муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндаи Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон раҳбарӣ доранд.

Ин гуруҳро Эшони Саидҷони Сорбон раҳбарӣ мекунад.

Ин гуруҳро Эшони Саидҷони Сорбон раҳбарӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи сиёсии "Ал-Араб"-и Қатар хабар додааст, ки гуруҳе аз имомхатибони тоҷик, ки ҳамакнун дар як давраи кӯтоҳмуддати якмоҳа дар масҷиди ҷомеи ба номи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби давлати Қатар ҳузур доранд, аз равишҳои таълимӣ ва усулҳои таблиғотии он изҳори қаноатмандӣ карданд.

Бархе аз таҳлилгарони масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки азбакси дар Қатар равияи салафия нуфуз дорад, ҳангоми таҳсили забони арабӣ шояд имомхатибони Тоҷикистон зери таъсири ин ҷараён, ки дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, қарор бигиранд.

Аммо Атовуллоҳ Қосимов, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт, қабл аз он, ки ин гуруҳ ба Қатар фиристода шавад, масъалаи эҳтимоли гароиш ба мазҳабҳои дигар ба эътибор гирифта шуд ва имомхатибоне интихоб шуданд, ки солхӯрда ҳастанд ва дар ақидаи ҳанафӣ устувор мебошанд.

Вай ба унвони намуна Эшони Сайидҷони Сорбонро мисол овард, ки бисёр руҳонии қавӣ аст ва дар ақидаи ҳанафӣ устувор мебошад. Шурои уламо аз фиристодани имомхатибони ҷавон ба хотири эҳтимоли гироиш ба мазҳабҳои дигар дар Қатар, худдорӣ кардааст.

Дар ин давораи омӯзиши бар иловаи аз худнамудани забони арабӣ, имомхатибҳо аз аҳкоми таҷвид, тиловати Қуръони карим, тафсир, ҳадис, фиқҳ, сирати Паёмбар(с), усули даъват ва илмҳои ҷомеашиносӣ низ омӯзиш мебинанд. Гурӯҳи 18 нафараи имомхатибони тоҷик қарор аст, ки ҳафтаи дигар ба Тоҷикистон баргарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG