Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суперҷоми Тоҷикистон-2013: Имрӯз бозии “Равшан” - “Регар” дар Кӯлоб


Равшан Ишматов, довари бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон.

Равшан Ишматов, довари бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон.

Мавсими нави футбол дар кишвар имрӯз, 27-уми март, бо бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони Тоҷикистон ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми кишвар, оғоз меёбад.

Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб барпо мегардад. Бозӣ соати 14 шурӯъ мешавад.

Довари ФИФА Равшан Ишматов, аз шаҳри Қӯрғонтеппа, сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ доварони марзи майдон Қурбонмаҳмад Каримов ва Сафармаҳмад Шоймардонов (ҳарду аз ноҳияи Хуросон) кӯмак мекунанд.

Довари эҳтиётӣ душанбегӣ Раҳмон Муртазоев мебошад. Абдураҳим Бобоев, раиси кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон, нозири доварон ва Комрон Шодиев, корманди шуъбаи баргузории мусобиқоти ФФТ, комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи футболи тоҷик Ҷоми олии Тоҷикистон барои бори чаҳорум доир хоҳад шуд. Дар се бозии пешин дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб омада буд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ» барои севумин бор аст, ки дар Суперҷом ширкат меварзад. Дар ду бозии пешин футболбозони шаҳри Турсунзода аз дастаи “Истиқлол” шикаст хӯрда буданд. Ва аммо дастаи «Равшан» барои аввалин бор дар ин мусобиқа иштирок мекунад.

Бар асоси низомномаи ин мусобиқа дар мавриди мусовӣ шудани замони асосии бозӣ 30 дақиқа вақти иловагӣ (ду қисми 15-дакикаӣ) дода мешавад. Агар дар замони изофӣ ҳам ғолиб муайян нашавад, он гоҳ силсилаи зарбаҳои 11-метра таъин хоҳад шуд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Ҷоми олии Тоҷикистон

Соли 2010. Шаҳри Турсунзода. «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - 0:0. Замони изофӣ – 2:0.

Соли 2011. Шаҳри Қӯрғонтеппа. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:0. Замони изофӣ – 1:0.

Соли 2012. Шаҳри Ваҳдат. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1.

Соли 2013. Шаҳри Кӯлоб. «Равшан» (Кӯлоб) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - ?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG