Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Тоҷиксофт"- аввалин гуруҳи нармафзорҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ


"Тоҷиксофт" - аввалин гурӯҳи нармафзорҳои таълимӣ ба забони тоҷикист, ки барномасозони тоҷик таҳия кардаанд.

Ин бастаи нармафзорҳои "Тоҷиксофт" барои таълими фанҳои алоҳидаи мактаби миёна аз қабили ҷуғрофия, забони англисӣ, луғатҳои чандзабона, информатика иборат аст. Ин барномаҳо барои толибилмони синфҳои 7 то 11 сохта шудаанд.

Мурод Орипов, барномасози ташкилоти ғайридавлатии «Раҳовард» рӯзи 26-уми март нармафзорҳои “Тоҷиксофт”- ро дар конфронси «Технологияҳои озоди манобеи боз» дар шаҳри Душанбе муаррифӣ кард.

Ҷаноби Орипов мегӯяд, барои таҳияи ин гурӯҳи барномаҳои таълимӣ се сол заҳмат сарф шудааст: «Масалан барномаи мо барои таълими фанни информатика бо воситаи суратҳо ва аниматсияҳои графикӣ омода карда Мурод Орифов

Мурод Орифов

шудааст. Бо воситаи ин барнома толибилмон усули кор бо барномаҳои маъмулии Майкрасофт ворд, Пейнт, Блокнот ва ғайраро метавонанд омӯзанд. Ин барнома аз сад дарси видиоӣ иборат аст.»

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки то ҳол созмони «Раҳовард» натавонистааст нармафзорҳои таҳиякардаи худро чун молиякияти зеҳнии гурӯҳи эҷодӣ ба қайд гирифта, ҳаққи муаллифии онҳоро ҳифз кунад. Ба гуфтаи Орипов, то ҳол дар Тоҷикистон ягон ниҳод наметавонад барномаи компютериро чун моликияти зеҳнӣ бо ҳуҷҷат эътироф карда ҳуқуқҳои муалифонашро ҳифз кунад:

«Мушкил дар он аст, ки вақте мо ба мақомот муроҷиат карда барои гирифтани ҳуҷҷати ҳуқуқи муаллифӣ барои барномамон гуфтанд, ки ин чиз ҳоло дар мо вуҷуд надорад. Ба мо гуфта наметавонанд, ки ин чизро кадом қонун ба танзим медарорад. Шояд баъди як сол ё бештар аз ин чунин қонун қабул карда шавад.»

Дар ин шароит барномасозони компютерӣ танҳо бо роҳи техникӣ метавонанд аз ҳуқуқи муаллифии худ дифоъ кунанд. Яъне фурӯши барномаро тариқи рамзҳо (код) ба роҳ монанд ва дар ҳар саҳифаи барнома мӯҳр ва ё имзои худро насб кунанд, ки онро ба осонӣ пок карда нашавад.

Фариштамоҳ Гулова, як масъули маркази «Технологияҳои информатсионӣ ва комуникатсионӣ»-и Тоҷикистон, ки аз ташаббускорони ин конфронс аст, дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, мақсад аз баргузории ин конфронси байналмилалии Фариштамо Гулова

Фариштамо Гулова

дурӯза фароҳам овардани имконият ба барномасозони ҷавони кишвар мебошад:

«Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш, муарифии он барномаҳоест, ки дар заминаи нармафзорҳои кушодасос таҳия шудаанд, мебошад. Ҳамчунин он барномасозоне, ки шароити муаррифӣ кардани барномаҳои худро надоранд, имкон доранд дар ин конфронс маҳсули худро муаррифӣ кунанд.»

Хонум Гулова афзуд, ки дар ин конфронс на танҳо барномасозон, балки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои алоҳида ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ низ ширкат доранд. Аз ин рӯ, барномасозон метавонанд барои хеш шарик ва ё сарпараст ва ё сармоягузори хубе низ баҳри таҳияи барномаҳояшон дарёфт кунанд.

Ҳамоиши байнулмилалии мазкур ду рӯз идома карда дар он мутахассисони соҳаи технологияҳои озод ва нармафзорҳои манобеи боз аз Қирғизистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон ширкат ва дастовардҳои худро муаррафӣ хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG