Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони араб тарҳи қатъномаро роҷеъ ба Сурия таҳия карданд


Раҳбарони кишварҳои арабӣ роҷеъ ба Сурия тарҳи қатъномаеро таҳия кардаанд ва дар ин қатънома ба ҳамаи кишварҳои узви Ҷомеаи Араб ҳақ дода мешавад, ки пешниҳодҳои худро ба шӯришиёни Сурия дар миён гузоранд. Дар тарҳи ин қатънома аз ҷумла омадааст, шӯришиён барои дифоъ аз худ ҳақи дарёфти кӯмакҳои низомӣ, аз ҷумла дарёфти силоҳро доранд.

Дар қатъномаи мазкур ҳамчунин аз созмонҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ дархост шудааст, ки Эътилофи Миллӣ барои Сурияи инқилобӣ ва нируҳои мухолифонро ба унвони намояндаи ягонаи мардуми Сурия эътироф кунанд.

Раҳбарони кишварҳои арабӣ мулоқоти худро рӯзи сешанбе дар Доҳаи Қатар оғоз карда буданд ва мулоқот имрӯз идома меёбад.
XS
SM
MD
LG