Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати бозаргонони Британия аз Тоҷикистон боздид мекунад


Робин Ҷереми Орд Смит-сафири Британия дар Душанбе хабар додааст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ як ҳайати тиҷоративу иқтисодии ин кишвар барои боздид ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дар таркиби ин ҳайат намояндагони ширкатҳои маъруфи Британия ҳастанд ва онҳо имкони сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро хоҳанд омӯхт.

Робин Ҷеремӣ гуфтааст, баъд аз даромадани Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат майли ҳамкории Британия бо Тоҷикистон бештар шудааст. То ҳол бештар аз 50 ширкат гуфтаанд, ки омодаанд барои оғози ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аз ин кишвар боздид кунанд.

Баъзе аз ширкатҳои британия аз пеш ҳам бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекарданд ва онҳо ҳамкории худро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG