Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олмон барои тафтиши ду бунёдаш ба Русия шикоят бурд


Олмон ба Русия шикоят бурдааст, ки дар як силсила ширкаҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла дар ду маркази илмии олмонӣ, Русия амалиёти бозрасӣ ё тафтиш анҷом додааст.

Як мақоми вазорати корҳои хориҷаи Олмон гуфт, Гуйдо Вестервелле-вазири корҳоли хориҷаи ин кишвар рӯзи сешанбе муовини сафири Русия дар Берлинро ба ҳузури худ “хондааст” ва аз чунин амалиёти нируҳои интизомии Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Матбуоти Олмон аз номи як дипломат навиштааст, “пешгирӣ кардан аз фаъолияти бунёдҳои олмонӣ метавонад ба раванди муносиботи дуҷонибаи ду кишвар осеб расонад”.

Дар давоми рӯзҳои гузашта бештар аз 100 созмони ғайридавлатӣ, аз ҷумла бунёдҳои олмонии Конрад Аденоур ва Фридрих Эберт мавриди тафтиш қарор гирифтаанд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, онҳо хостаанд бубинанд, ки фаъолияти ин созмонҳо бо қонунҳои Русия мутобиқат дорад ё хайр.
XS
SM
MD
LG