Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон муаллимаи мактаби духтаронаро ба қатл расонданд


Дар минтақаи марзии Покистон бо Афғонистон мардони мусаллаҳи номаълум як муаллимаи мактаби духтаронаро бо номи Шаҳноз Назлӣ паррондаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, Шаҳнозро дар роҳ ба сӯи мактаби ибтидоии духтарона ду наҳфар савори мототсикл ҳадафи тир қарор додаанд.

То ҳол касе масъулияти ин кушторро бар душ нагирифтааст. Аммо Толибони тундрав ба таҳсили занон мухолифат доранд ва дар гузаштаҳо ин гуна ҳамлаҳоро дар мактабҳои духтарона ва дар донишгоҳҳо бар зидди донишҷӯдухтарон анҷом додаанд.

Толибон моҳи октябри соли гузашта дар водии Своти Покистон Малола Юсауфзай-шогирди мактабро тир заданд, вале вай бо амри тасодуф зинда монд ва дар Британия муолиҷа гирифт ва акнун дар он ҷо ба мактаб меравад.
XS
SM
MD
LG