Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони мухолифони Сурия хостори намояндагӣ дар СММ шуданд


Суханронии Муъоз Хатиб дар мулоқоти Доҳа
Суханронии Муъоз Хатиб дар мулоқоти Доҳа

Имрӯз дар Доҳа раҳбарони кишварҳои арабӣ дар мулоқоти худ баррасии вазъи Сурия ва роҳҳои ҳалли муноқишаро идома медиҳанд.

Имрӯз, 27 март раҳбарони кишварҳои узви Ҷомеаи Араб мулоқоти худро дар Доҳаи Қатар идома медиҳанд. Барои ширкат дар ин мулоқот амири Қатар аз мухолифони давлати Сурия даъват кардааст, ки курсии Сурияро дар ин мулоқот ишғол намоянд. Ин мулоқот рӯзи сешанбе оғоз шуд.

Ҷомеаи Араб моҳи ноябри соли 2011 узвияти Сурия дар ин созмонро боздошт, чунки режими Димишқ дархости ин созмонро дар бораи хотима додан ба хунрезиҳо ва қатъи саркӯбии эътирозгарони зидди ҳукуматӣ нодида гирифт.

Рӯзи сешанбе баъд аз гузоштани курсии Сурия дар ихтиёри мухолифони давлати Сурия дар мулоқоти Доҳа матбуоти давлатии Сурия гуфт, ки “Ҷомеаи Араб курсии Сурияро ба бандитҳо ва одамкушон додааст”.

Мулоқоти раҳбарони кишварҳои арабӣ дар ҳоле дар Доҳа баргузор мешавад, ки дар Шӯрои Миллии Сурия ихтилофи дохилӣ ба амал омадааст. Ин шӯро аз ҳисоби мухолифони давлат ташкил шудааст.

Муъоз Хатиб бо Ҷон Керрӣ
Муъоз Хатиб бо Ҷон Керрӣ
Рӯзи якшанбе Муъоз Хатиб-раиси эътилофи мухолифон ё Шӯрои Миллии Сурия аз мақомаш истеъфо дод, вале рӯзи сешанбе дар мулоқоти Доҳа ширкат ва суханронӣ кард. Вай гуфт, ки ҳукумати Башор Асад барои қабул накардани пешниҳодҳо дар бораи роҳи ҳали муноқиша масъулиятро бар уҳда дорад. Вай гуфт, аз Амрико хостааст, ки мушакҳои навъи “Патриот”-ро дар ихтиёри мухолифон гузорад, то онҳо битавонанд аз минтақаҳои зери назораташон дифоъ кунанд.

“Мо ба ҳамаи ҳукуматҳои ҷаҳон изҳори сипос мекунем. Вале ман мегӯям, ки нақши Амрико бузургтар аст. Ман аз Ҷон Керрӣ-вазири хориҷаи Амрико хостам, ки мушакҳои “Патриот”-ро ҳамчунон дар ихтиёри мо гузоранд, то мо битавонем шимоли Сурияро пӯшиш бидиҳем. Вай ваъда дод, ки ин масъаларо меомӯзанд. Мо то ҳол интизори тасмими НАТО ҳастем, то ҳаёти мардумро наҷот диҳем, на барои ҷанг, балки барои наҷоти мардум”.

Хатиб дар ин суханронӣ ҳамчунин талаб кард, ки намояндагони мухолифонро ба СММ иҷоза диҳанд ва онҳо аз номи Сурия дар ин созмон намояндагӣ кунанд. Вай изҳор дошт, ки мардуми Сурия бояд “бидуни ваколат аз хориҷ” худашон сарнавишташонро таъйин намоянд.

Шӯрои мухолифони Сурия баъд аз интихоби Ғассон Ҳитту ба мақоми нахуствазирии мухолифон дучори ошуфтагӣ шудааст. Бо вуҷуди норизоятии бисёре аз аъзои ин Шӯро Ҳиттуро нахуствазир интихоб карданд. Вай як чеҳраи исломгарост.

Дар мулоқоти Доҳа Ҳитту ва раҳбарони дигари мухолифон Муъоз Хатибро ҳамроҳӣ мекарданд. Хатиб гуфтааст, ки аз Ҳитту розист.

Минтақаи Бобо амр дар шаҳри Ҳумс
Минтақаи Бобо амр дар шаҳри Ҳумс
Аз сӯи дигар, мухолифон хабар додаанд, ки нируҳрои вафодор ба режими Башор Асад дубора минтақаи Бобо Амрро дар шаҳри Ҳумс ба назорати худ даровардаанд. Ин минтақа ду ҳафта дар дасти мухолифон буд.

Рӯзи сешанбе нируҳои Башор Асад минтақаи Бобо Амрро аз ҳавопаймоҳо, мушакандозҳо ва тонкҳо ба оташ кашиданд, сипас ба он ҷо ворид шуданд.
СММ мегӯяд, аз оғози нооромиҳо дар Сурия то ҳол 70 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG