Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ҷашнвораи "CHELоВЕК театра", ки бо ибтикори Театри нави бадеии шаҳри Челябински Русия мегузарад, бо намоишномаи «Шаби дур аз Ватан»-и театри ҷавонони Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Ин намоишнома аз рӯи ашъори шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир, ки дар Амрико ба сар мебарад, таҳия шудааст. Хабаргузориҳои маҳаллӣ ин намоишномаро, ки бидуни тарҷума бо забони тоҷикӣ рӯи саҳна омад, “тасхиркунанда” арзёбӣ намуданд. Нина Мазур, муовини раиси Форуми байнулмилалии монотеатр дар назди Донишгоҳи байнулмилалии театри Олмон, дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизионии маҳаллӣ ба намоишномаи театри ҷавонони Тоҷикистон баҳои баланд дода гуфтааст, ки “барои тамошои ин гуна намоишномаҳои қавӣ ва эҳсосотӣ донистани забон шарт нест, зеро дар он забони дил ва ҳиссиёте мавҷуд аст, ки аз дил то ба дил меравад”.

Қарор аст, ки дар чаҳорчӯби ҷашнвораи "CHELоВЕК театра" 11 намоишнома дар саҳнаҳои театрҳои гуногуни шаҳр манзури тамошобинон гарданд. Дар фестивал театрҳои шаҳрҳои Челябинск, Нижний Новгород, Новосибирск ва як театр аз Қазоқистон ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG