Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кореяи Шимолӣ фармон додааст, то воҳидҳои мушакӣ ва тӯпхонаҳояш Кореяи Ҷанубӣ ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар ҳавзаи Уқёнуси Ором ва худи Иёлоти Муттаҳидаро ҳадаф бигиранд.

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ гуфт, фармони мазкур ба далели “парвозҳои таҳдидкунандаи ҳавопаймоҳои бомбандози Амрико”, дода шудааст. Баёнияи мазкурро дар телевизиони давлатии Кореяи Шимолӣ низ хонданд:

"Аз ҳамин лаҳза, бо амри фармондеҳи олии артиши мардумии Корея, тамоми воҳидҳои тӯпхонаӣ, аз ҷумла тӯпхонаҳои дурбурд ва воҳидҳои мушакӣ дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор дода мешаванд. Ин воҳидҳо Кореяи Ҷанубӣ ва ҳамчунин тамоми иншооти душман дар пойгоҳҳои таҷовузгар дар Ҳаваӣ ва Гуамро ҳадаф мегиранд."

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ айни замон размоишҳои муштаракро идома медиҳанд, ки то охири моҳи апрел идома хоҳад кард. Вазорати умури хориҷии Чин аз ҳамаи тарафҳо давъат кардааст, ки хештандорӣ нишон бидиҳанд.

Чанд рӯз пеш аз таҳдиди Кореяи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳида ва Кореяи Ҷанубӣ созишномае имзо карданд, ки бар асоси он, дар сурати ҳамлаи хурде аз Кореяи Шимолӣ, ҳарду алайҳи ин кишвар иқдоми низомӣ хоҳанд кард. Таниш дар нимҷазираи Корея расо се сол баъд аз он авҷ гирифт, ки Пхенян киштии низомии Чеонани Куриёи Ҷанубӣ бо 46 сарбозаш ғарқ кард. Таҳқиқи ин қазия нишон додааст, ки нерӯҳои Кореяи Шимолӣ он киштиро бо торпедо зада ва маҳв кардаанд, чизе ки давлати Кореяи Шимолӣ пайваста рад мекард.

Кореяи Шимолӣ худро барои рӯёрӯии эҳтимолӣ омода мекунад

Кореяи Шимолӣ худро барои рӯёрӯии эҳтимолӣ омода мекунад

Пеш аз таҳдиди нави Кореяи Шимолӣ, Ви Ёнг Саб, сухангӯи вазорати дифоъи Кореяи Ҷанубӣ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Сеул ба Пхенян чунин ҳушдор дод: Агар Кореяи Шимолӣ чун дар гузашта иғво барангезад, артиши мо ба хотири тасаллияти рӯҳи 46 қаҳрамонони Чеонан, ки ҳангоми муҳофизати ватан ҷон доданд, ҳазор ва ё 10 ҳазор маротиба бештар аз Кореяи Шимолӣ ниқор хоҳад гирифт.

Парк Геун Ҳю, раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ рӯзи сешанбе дар маҳалли дафни сарбозони кишвараш ва дар саввумин солгарди ғарқ шудани киштии Чеонан аз ҳукумати Кореяи Шимолӣ хост, рафторашро тағйир диҳад.

Кореяи Шимолӣ бояд аз аслиҳаи атомӣ, мушакҳо, иғвобарангезӣ ва таҳдидҳо даст кашида ва як узви масъули ҷомеаи байналмилал шавад. Ин ягона роҳи наҷоти Кореяи Шимолӣ аст.

Пхенян моҳи декабри соли гузашта моҳворае ба мадори замин партоб кард, аммо мегӯянд, ки он кишвар мушакҳои дурбурде надорад, ки ба қаламрави Амрико бирасанд. Моҳи гузашта, Кореяи Шимолӣ бори саввум озмоиши ҳастаӣ анҷом дод ва Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои ин кораш, таҳримот алайҳи онро тақвият бахшид. Дар пайи ин Кореяи Шимолӣ гуфт, ки аз созиши оташбас бо Кореяи Ҷанубӣ, ки 60 сол пеш баста баъди ҷанги Корея баста буданд, даст мекашад.
XS
SM
MD
LG