Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико ба касбомӯзони тоҷику афғон шаҳодатнома супурд


Тайи маросиме дар Мактаби касбӣ ва таълимоти давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ, ба 200 донишҷӯ, аз ҷумла 35 шаҳрванди вилояти Бадахшони Афғонистон шаҳодатнома тақдим гардид.

Шаҳрвандони Афғонистон бо кӯмаки моли Оҷонсии амрикоӣ оид ба рушд дар донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ ва муҳосибӣ таҳсил мекунанд ва дар тӯли се соли охир 132 нафар соҳиби ихтисос гардидаанд.

Сафири Амрико хонум Сюзан Эллиотт дар маросими шашуми хатми таҳсил донишҷӯёнро намунаи беҳтарине унвон кард, ки бо дониш ва касби худ дар пешрафти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳояшон саҳм мегузоранд.

Дар сӯҳбат бо «Озодӣ» хонум Эллиотт гуфт: "Ман нахустин бор ба Помир омадам ва дар маросими такдими шаҳодатномаҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт.
ширкат варзидам ва бароям дидани донишҷӯёни Тоҷикистону Афғонистон хеле мароқангез буд. Аниқ гуфта наметавонам, вале умедворам, ки барномаҳои омӯзишӣ барои муҳассилини афғонро дар Донишгоҳ дар оянда низ дастгирӣ хоҳем кард."

Дар ин маросим ҳамчунин сафирони кишварҳои Олмон, Британияи Кабир, Туркия, намояндаи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, намояндаи ташкилоти шветсарӣ оид ба рушд ва роҳбари намояндагии Бунёди Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.

Сипас сафирон дар маросими ифтитоҳи Маркази омӯзиши техникӣ, ки бо кӯмаки молии давлати Олмон ва дар ҳамкорӣ бо донишгоҳ дар Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ширкат намуда, аз бинои ояндаи донишгоҳ, ки корҳои омодагӣ ба сохтмони он идома доранд, дидан намуданд.

Дар ин маросим гуфта шуд, ки дар давоми фаъолияти худ Мактаби таълимоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ тавассути баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ барои соҳиби кор гаштани се ҳазор нафар донишҷӯ кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG