Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳиби «Тойота-Прадо»-и «ҳероинӣ» боздошт шуд


Намуди мошини «Тойота-Прадо»
Намуди мошини «Тойота-Прадо»

Дар Душанбе соҳиби мошини «Тойота-Прадо» боздошт шуд, ки аз дохили он 50 килограмм ҳероин ёфта буданд.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, шахсеро боздошт кардаанд, ки соҳиби мошини «Тойота-Прадо»-е будааст, ки моҳи январ аз дохили он 50 килограмм ҳероин мусодира гашта буд.

Кормандони Додситонии ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 25-уми март сокини шаҳри Душанбе, Хуршед Гадоевро боздошт кардааанд, ки феълан «қаллобии бузургҳаҷм» айбдор мешавад, аммо соҳиби мошини сабукравест, ки аз дохили он 50 кило ҳероин ёфт шуда буд. Ба гуфтаи мақомоти пажӯҳишии ин қазия, шахсе бо номи Абдуҷаббор Абдғаффоров, ҳамчун гумонбар дар ҷойи ҳодиса боздошт шуда, аммо баъдан ба таври мармуз раҳо гашта ва аз қаламрави Тоҷикистон фирор кардааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 24 январ ба радиои Озодӣ иттилоъ дода буд, ки дар нигаҳдории 50 кило ҳероин дар мошини «Тойота-Прадо» шаҳрванд Абдуҷаббор Абдуғаффоров айбдор дониста мешавад, ки пас аз фирор ба Русия, рӯзи 17-уми январ аз тарафи кормандони полиси Русия дар Маскав боздошт шудаааст. Шарҳ дода нашудааст, ки чӣ тавр шахсе, ки дар Душанбе боздошт шуда буд, озод гашта, ба Маскав фирор кардааст, аммо мақомоти Тоҷикистон истирдоди ӯро талаб намудаанд.

Кашфи ҳероин замоне иттифоқ афтода буд, ки Хуршед Гадоев, мошини «Тойота-Прадо»-ро се моҳ пеш аз шаҳрванди дигар Эраҷ Гадоев харидорӣ карда, баъд аз мусодира шудани мошин бо 50 кило ҳероин аз гум шудани он ба мақомот шикоят набурдааст. Ҳамчунин алҳол маълум нест, ки вай ба қочоқи ҳероин то куҷо пайванд дорад.

Сардори Боздоштгоҳи муваққатии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт, Мирзо Таваралиев, рӯзи 26-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Хуршед Гадоев баъди боздошт шуданаш дар ҳамин боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки гумонбарро кормандони Додситонии ноҳияи Синои пойтахт боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Таваралиев, боздоштшуда алҳол танҳо «бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба қаллобӣ дар ҳаҷми калон айбдор мешавад.»

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ намуда, меафзояд, ки Хуршед Гадоев дар соли гузашта мошини «Тойота-Прадо»-и сокини шаҳри Душанбе Эраҷ Гадоевро зимни эътимоднома гирифта, аммо нархи мошинро напардохтааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, боздошти Хуршед Гадоев зимни як амалиёти махсус ҷараён гирифта, кормандони умури дохилӣ ӯро аз дохили мошини як мансабдори бонуфуз берун кашида, ба ҳабс гирифтаанд. Эҳтимол меравад, боздоштшуда аз шарикони Абдуҷаббор Абдуғаффоров буда, аз ҳимояти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти интизомӣ бархӯрдор аст ва сухан ин ҷо аз як шабакаи байналмилалии қочоқи маводи мухаддир меравад, ки бо истирдоди Абдуғаффоров ба Тоҷикистон мумкин аст, асрори он фош шавад.
XS
SM
MD
LG