Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури хориҷии Қазоқистон ба Душанбе меояд


Вазири умури хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов дар доираи як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд ва дар нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви “Муколамаи ҳамкории Осиё» дар Душанбе ширкат хоҳад кард. Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми март ба «Озодӣ» гуфт, ки Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон дар доираи як сафари расмӣ, рӯзи 28-уми март ба Тоҷикистон хоҳад омад. Ин сафари нахустини вазири хориҷаи Қазоқистон ба Тоҷикистон хоҳад буд.

Интизор меравад дар доираи ин сафар Ерлан Идрисов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот кунад. Пас аз анҷоми сафари расмӣ, вазири умури хориҷии Қазоқистон дар нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви “Муколамаи ҳамкории Осиё» дар Душанбе, ки 29 март оғоз хоҳад шуд, ширкат хоҳад кард. Қарор аст Ерлан Идрисов пас аз анҷоми сафари расмии худ ба Тошканд, рӯзи 27 март вориди пойтахти Тоҷикистон шавад
XS
SM
MD
LG