Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Лигаи Араб дар Доҳа шурӯъ шуд


Дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, нишасти сарони кишварҳои узви Лигаи Араб шурӯъ шуд, ки дар он ба ҷойи ҳукумати Сурия, шӯришиёнро даъват кардаанд. Созмони мазкур соли 2011 ба нишони эътироз аз ҷанге, ки ду сол боз дар Сурия идома дорад, узвияти ин кишварро дар Лигаи Араб боздошт. Нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои арабӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки бо истеъфои Муоз ал-Хатиб, раҳбари Шӯрои Миллии Сурия, як гурӯҳи умдаи мухолифин дар раҳбарияти он бебандуборӣ ба вуҷуд омадааст. Вале қарор аст, Муоз ал-Хатиб дар нишасти Доҳа суханронӣ кунад. Дар миёни шӯришиёни Сурия баъди он ихтилоф пайдо шуд, ки бо вуҷуди мухолифати аксарият аз аъзои Шӯрои Миллии Сурия Ғасон Ҳиту, як сиёсатмадори исломгароро, нахуствазири муваққати Сурия баргузиданд.
XS
SM
MD
LG