Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонкҳои Қибрис то рӯзи панҷшанбе баста мемонанд


Бонки Марказии Қибрис мегӯяд, тамоми бонкҳои ин кишвар то рӯзи панҷшанбе баста мемонанд. Ин бонк шоми душанбе эълом кард, ки ба истиснои ду бонки бузургтарин, Бонки Лаики ва Бонки Қибрис, ки рӯзи сешанбе боз мешаванд, бонкҳои дигари ин ҷазира то рӯзи 27 март дарҳояшонро ба рӯзи мизоҷонашон боз нахоҳанд кард. Бонки Марказии Қибрис мегӯяд, қарори мазкур, “ба хотири фаъолияти ороми тамоми низоми бонкии кишвар” қабул шудааст. Бонкҳои Қибрис, ки мӯҳтоҷи кӯмак шудаанд, аз бими онки мизоҷон ба таври оммавӣ пулҳояшонро аз бонкҳо хоҳанд гирифт, аз рӯзи 16 март баста шуданд. Сиёсатмадорони қибрисӣ аз он рӯз саъй доштанд, барои ба даст овардани 10 миллиард евро кӯмак аз созмонҳои молӣ, тақрибан 6 миллиард евро аз худи кишвар ҳам пайдо кунанд. Созиш дар ин замина миёни қарздиҳандагон ва Қибрис рӯзи душанбе имзо шуд. Никос Анастасиадес, раиси ҷумҳури Қибрис гуфт, ки барномаи наҷоти молӣ “дарднок”, вале барои эмин мондан аз фалокати иқтисодӣ дар кишвараш муҳим аст.
XS
SM
MD
LG