Пайвандҳои дастрасӣ

Куриёи Шимолӣ пойгоҳҳои Амрикоро ҳадаф гирифтааст


Куриёи Шимолӣ мегӯяд, фармон додааст, ки воҳидҳои мушакии дурбурдаш, пойгоҳҳои низомии Амрико дар Гуам, Ҳаваӣ ва дар худи Иёлоти Муттаҳидаро ҳадаф бигиранд. Хабаргузории расмии Куриёи Шимолӣ гуфт, далели ин кор парвозҳои таҳдидкунандаи ҳавопаймоҳои бомбандози Амрико дар нимҷазираи Куриё будааст. Ба гуфтаи хабаргузорӣ ба воҳидҳои мушакӣ амр додаанд, ки дар ҳоли омодабоши размӣ бошанд. Чанд рӯзе пештар аз ин Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ созише имзо карданд, ки бар асоси он дар сурати ҳамлаи хурди Куриёи Шимолӣ, ҳарду тараф алайҳи ин кишвар иқдоми низомӣ хоҳанд кард. Куриёи Шимолӣ моҳи декабр як мушакеро ба мадори замин партоб кард, аммо мегӯянд, ки мушакҳои дурбурде надорад, ки ба қаламрави Амрико бирасанд. Моҳи гузашта, Куриёи Шимолӣ бори саввум озмоиши атомӣ анҷом дод ва Шӯрои Амният ҳам таҳрим алайҳи ин кишварро сахттар кард.
XS
SM
MD
LG