Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон масъулияти ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифтанд


Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамлаи хунин дар шаҳри Ҷалолободро ба дӯш гирифтанд, ки бар асари он 5 маъмури пулис кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомоти расмии Афғонистон гуфтанд, ки ҳамларо 8 бомбгузори маргталаб анҷом додаанд. Яке аз онҳо мошини бомбгузоришударо дар наздикии идораи нерӯҳои зудамали пулиси шаҳри Ҷалолобод тарконидааст, сипас се бомбгузори дигар дар дохили қароргоҳи пулис худро мунфаҷир кардаанд. Чаҳор нафари дигари онҳоро маъмурони пулис куштаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки ҳамла кори дасти ин гурӯҳ аст. Бомбгузориҳои хунин дар замоне, сурат гирифт, ки сафари Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико дар Кобул идома дошт.
XS
SM
MD
LG