Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулис мехоҳад назари ҷомеа роҷеъ ба худро бидонад


Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар робита ба фаъолияти пулис дар ҷомеаи кишвар, як силсила таҳқиқотҳои сотсиологӣ анҷом диҳад.

Ҷумъаназар Раҳматов, мушовири вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 26-уми март ба "Озодӣ" гуфт, ки ба хотири ҳарчӣ бештар наздик сохтани робитаи мардум бо пулис ва тақкими бовару эътимоди ҷомеа ба он, дар саросари кишвар як қатор таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар миёни аҳолӣ анҷом дода хоҳад шуд.

Вай афзуд, яке аз чунин пурсишҳо дар мавриди ба қайд нагирифтан ва пинҳон кардани ҷиноятҳои содиршуда ва роҳ надодан ба «шиканҷа», «зӯроварӣ» ва «латукӯб» нисбати шахси дастгиршуда ва гумонбар дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор мебошад.

Ҷаноби Раҳматов афзуд, ки Тоҷикистон ҳанӯз соли 1995 шомили Конвенсияи зидди шиканҷа шудааст ва набояд ба зӯроварию шиканҷа дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ нибати боздоштшудаҳо роҳ дод.

Аз ин рӯ, намояндагони мақомоти вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳиҳо бо мардум мулоқот намуда, назару пешниҳодоти онҳоро сабт намуда, барои бартараф кардани масъала чораҳои амалӣ хоҳад ҷуст.

Ба нақли мушовири Вазири корҳои дохилӣ, айни замон дар масъалаи ҷилавгирӣ аз ҷалби ноболиғону ҷавонон ба равияҳои экстремистӣ, террористӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткорӣ, Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва Кумитаи дини Тоҷикистон бо баргузории мулоқотҳо, фикру назари падару модарон, омӯзгорон, хатибҳову масъулони ҷамоатҳоро ба қайд гирифта, дар як барномаи мушаххас роҳи ҳалро пешинҳод хоҳад кард.

Ҷумъаназар Раҳматов афзуд, вазорати корҳои дохилӣ дар ҳоли ҳозир дар робита ба масъалаҳои мавҷуди ҷомеъа, ки бидуни ҳузур ва таъсири мардум мақомоти умури дохила дар танҳоӣ аз ӯҳдаи он намебарояд, бо анҷоми таҳқиқотҳои иҷтимоӣ мехоҳад, роҳҳалҳоро пайдо кунад.

Ин тасмими вазорати умури дохилӣ дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли гузашта ҳангоми баррасии вазъи Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ таъкид шуд, ки ин ниҳоди байналмилалӣ аз гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафториву шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон, ба хусус дар боздоштгоҳҳои Кумитаи амнияти Миллӣ ва Раёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфта ҷиддан нигарон аст.

Дигар мояи нигаронии амиқ ба гуфтаи Созмони Милал, он аст, ки мақомоти Тоҷикистон, даъвову шикоятҳо аз бадрафторӣ ва шиканҷаро бетарафонаву зуд таҳқиқ намекунанд ва гунаҳкоронро беҷазо мегузоранд, ки ин сабаби худсарии бештар дар байни маъмурони амниятӣ мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ моҳи ноябр дар мулоқот бо намояндагони мақомоти интизомӣ бахшида ба Рӯзи милиса, корбурди шиканҷаро маҳкум ва даст кашидан аз ин амали нангинро талаб кард. Вай таъкид кард, ҳеҷ як корманди интизомӣ дар ҳеҷ ҳолат ба шиканҷа додан ҳақ надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG