Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ёдбуди Анатолий Харлампиев, яке аз поягузорони гуштии самбо, ки рӯзҳои 23-25-уми март дар шаҳри Маскав баргузор шуд, ду медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки барои бори 34-ум барпо гардид ва яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёфт, варзишгарони 26 кишвар - Австрия, Арманистон, Белорус, Булғористон, Гурҷистон, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Корея, Латвия, Лаҳистон, Литва, Марокаш, Маҷористон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Руминия, Сербия, Словакия, Словения, Тоҷикистон, Украина, Ҷопон, Эстония ва Юнон ширкат доштанд.

Ширкаткунандагони мусобиқа дар ду навъи рақобатҳо - самбои варзишӣ (мардону занон) ва самбои размӣ (мардон) қувваозмоӣ карданд. Дар ин мусобиқа паҳлавонони тоҷик дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ соҳиби 1 медали биринҷӣ ва оид ба самбои размӣ соҳиби як медали нуқра гардиданд.

Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 57 кг ҷойи севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин вазн Саян Хертек (Русия) ғолиб гашт. Вахтанги Чидрашвили (Гурҷистон) мақоми дувумро азони худ кард. Инчунин Василий Караулов (Русия) ҷойи севумро гирифт.


Дар сабқати самбои размӣ паҳлавони тоҷик Маҳмадсафар Маҳмадрасулов дар вазни то 90 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт. Магомед Магомедов (Русия) мақоми аввалро соҳиб шуд. Армат Сарсекенов (Қазоқистон) ва Ҳамид Ҳамзатхонов (Русия) дар ҷойҳои севум қарор гирифтанд.

Дар сабқати мардон оид ба самбои варзишӣ мизбонон – паҳлавонони Русия дар шаш вазн – Саян Хертек (57 кг), Александр Сливин (62 кг), Дмитрий Клетсков (68 кг), Алӣ Куржев (74 кг), Арсен Ханҷян (90 кг) ва Роман Михалченко (+100 кг)ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Дар се вазни дигар Беимбет Канжанов (Қазоқистон, 52 кг), Чу Ён Лим (Корея, 82 кг) ва Евгений Сёмочкин (Белорус, -100 кг) ғолиб омаданд.

Дар сабқати мардон оид ба самбои размӣ гуштигирони Русия - Арам Хамаян (68 кг), Заур Азизов (74 кг), Алексей Иванов (82 кг) ва Магомед Магомедов (90 кг) пирӯз шуданд.
XS
SM
MD
LG