Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 сол ҳукми зиндони ҳамлагаре дар Сиеттл


Абӯхолид Абдулатиф
Абӯхолид Абдулатиф
Додгоҳи Сиеттли Амрико Абӯхолид Абдулатифро бо ҷурми қасди ҳамла ба як маркази маҳаллии даъват ба артиш ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Абдулатиф бо ҳукми қозӣ баъди раҳоияш низ 10 соли дигар таҳти назорат хоҳад монд. Ӯ моҳи декабр дар қасди куштани ходимони давлатии Амрико муҷрим шинохта шуд. Абдулатиф ва шарикаш Валӣ Муҷоҳид 22 июни соли 2011 дар Лос-Анҷелес дастгир шуданд. FBI сӯҳбати онҳоро сабт карда буд, ки дар он ҳарду дар бораи чӣ гуна ҳамла кардану куштани мардум дар маркази низомие дар ҷануби Сиеттл ҳарф мезаданд. Додситонҳо мегӯянд, ки ҳадафи онҳо аз ин ҳамла интиқом барои таҷовузи низомии Амрико ба Афғонистон буд.
XS
SM
MD
LG