Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулгирӣ аз бонкҳои Қибрис маҳдуд хоҳад шуд


Никос Анастасиадес қабл аз тарки Брюссел
Никос Анастасиадес қабл аз тарки Брюссел
Раисиҷумҳури Қибрис Никос Анастасиадес гуфт, ба дунболи дар ҳафтаи равон дубора боз шудани бонкҳо дар кишвараш ба хотири пешгирӣ аз фирори пулҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ хоҳанд шуд. Анастасиадес дар пайи ахзи тавофуқ ҷиҳати дарёфти 13 миллиард евро кумаки байналмилалӣ барои наҷоти бонкҳои Қибрис гуфт, Бонки марказии Қибрис “муваққатан” пас кашидани сармояҳоро маҳдуд мекунад ва ин тадобир то “ором шудани вазъ” давом хоҳад кард. Никозия тибқи тавофуқ бо Куммиссиюни Аврупо, Бонки марказии Аврупо ва Сандуқи байналмилалии пул бояд ҳисобҳои болиғ аз 100 000 евро дар ду бонки буҳронзадаашро мунҷамид кунад ва андоз бандад. Русия аломат дод, ки бо вуҷуди бохти бузурги сармоядоронаш, ки дар бонкҳои Қибрис миллиардҳо доштанд, шояд аз ин тарҳи наҷот ҳимоят кунад.
XS
SM
MD
LG