Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пушти ҳамла ба Риёз Асад кӣ меистад?


Риёз Асад(Акс аз 25 сентябри соли 2012)

Риёз Асад(Акс аз 25 сентябри соли 2012)

То ҳол касе масъулияти сӯъиқасд ба ҷони фармондеҳи аршади чирикиҳои Сурияро ба дӯш нагирифтааст. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, фармондеҳи Артиши Сурияи озод Риёз Асад субҳи душанбе дар вилояти шарқии Дайруззор ҳадафи сӯъиқасд қарор гирифт. Бино ба хабарҳо, Асад дар ин ҳамла захмҳои сангин бардоштааст ва ӯро барои табобат ба Туркия бурдаанд. Асад аз нахустин афсарони артиши Сурия буд, ки ҳанӯз соли 2011 табдили сангар карда, ба чирикиҳо пайваст.
XS
SM
MD
LG