Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Уфти қурби евро ба далели буҳрони Қибрис


Қурби евро дар муқобили доллар дар пайи ахзи тавофуқ дар бораи нақшаи 13-миллиардевроии кумаки молӣ ба Қибрис коҳиш ёфтааст. Қурби евро дар бозори Ню-Йорк субҳи душанбе каме боло рафт, вале то пешин ба ҳадди 1,286 доллар барои 1 евро пойин омад. Никозия ҳамчун бахши муомилааш бо Куммиссиюни Аврупо, Бонки марказии Аврупо ва Сандуқи байналмилалии пул бояд ҳисобҳои болиғ аз 100 000 евро дар ду бонки бузурги Қибрисро андоз баста, низоми бонкиашро низ бозсозӣ кунад. Давлати Русия ба ин муомила вокуниши манфӣ нишон дод. Сарвазир Дмитрий Медведев гуфт, ин тавофуқ ба “дуздӣ” мемонад ва бояд паёмадҳояш омӯхта шаванд. Раисиҷумҳур Владимир Путин аз ҳукумат хост, 2,5 миллиард евро қарзи Маскав ба Қибрисро бозбинӣ кунад.
XS
SM
MD
LG