Пайвандҳои дастрасӣ

Бо таҳвили назорати охирин боздоштгоҳ дар Афғонистон ба Кобул, раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомид Карзай ва вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ дар мазҳари омм аз нармиш аломат додаву бештар пиромуни дидгоҳҳои ҳамсони тарафайн сӯҳбат карданд. Керрӣ дар пайи мулоқоташ бо Карзай дар Кобул гуфт, онҳо роҷеъ ба музокироти сулҳ бо Толибон “аз як равзана” нигоҳ мекунанд. Керрӣ изҳори итминон кард, ки Карзай ба ин ки “Амрико ба ҷуз аз омадани Толибон ба пушти миз ба хотири сулҳ манфиати дигаре ҳам дорад, бовар нахоҳад кард.” Карзай таҳвили назорати зиндони Багромро “як рӯзи хеле хуб” ба қалам дод. Назорати ин зиндон як мавзӯъи ҳассос дар равобити ду кишвар буд. Карзай қаблан Вошингтонро ба муомилот бо Толибон бо ҳадафи заиф сохтани Афғонистон айбор карда буд, ки хашми мақомоти Амрикоро барангехт.
XS
SM
MD
LG