Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи нави ҳуқуқи башар ба ифтихори Ҳавел


Китобхонаи Васлав Ҳавел, Сандуқи Хартия-77 ва Маҷмаъи парлумонии Шӯрои Аврупо ҷоизаи нави ҳуқуқи башар ба номи Ҳавелро таъсис доданд. Ин ҷоиза ҳар моҳи октябр эъто шуда, ба маҳзи муборизаи тӯлонии Васлав Ҳавел барои демократия ва ҳуқуқи башар ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст. Ин адиби дигарандеши чех, ки бо намоишномаҳои театриаш маъруф буд, дар даврони коммунистҳо таҳти таъқиби тӯлонӣ қарор дошт. Ӯ баъди суқути коммунизм раисиҷумҳури Чехословакия ва баъди ҷудо шудани он ба ду кишвар нахустин раисиҷумҳури Чехия шуд. Ҳавел соли 2011 дар синни 75 даргузашт.
Маблағи ҷоизаи Васлав Ҳавел 60 000 евро хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG