Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши давлати Бирма ба хушунатҳои мазҳабӣ


Давлати Бирма гуфт, хушунатҳои мазҳабӣ метавонад ба ислоҳоти демократӣ таҳдид кунад. Ин ҳушдор дар пайи тахриби масоҷид ва сӯзондани даҳҳо манзили мусалмонон боз дар 3 шаҳри ин кишвари аксарияти аҳолиаш пайрави дини Будоист. Раисиҷумҳур Теин Сеин рӯзи 22 март дар манотиқи ошӯбзада вазъи изтирорӣ ҷорӣ кард. Ба шаҳри Мехтила, ки бештар аз ҳама осеб дида, дастикам 32 кушта дод, нирӯ ворид кардаанд. СММ мегӯяд, дар ин ҳаводис беш аз 12 000 нафар бехонавудар шудаанд. Эълон шуда, ки беҷошудагонро ба муҷарради ором шудани вазъ дубора бо макон таъмин хоҳанд кард. Давлати гӯё мулкии Бирма гуфт, “ба тамоми ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои қавмиву мазҳабӣ расидагӣ хоҳад кард.”
XS
SM
MD
LG