Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи кофтукоби созмонҳои ғайридавлатӣ дар Русия


Сергей Никитин
Сергей Никитин
Мақомоти Русия кофтукоби созмонҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла дафтари Афви байналмилалӣ дар Маскавро идома медиҳанд. Раҳбари ин созмон дар Маскав Сергей Никитин таъйид кард, ки рӯзи душанбе дар дафтари Афви байналмилалӣ “кофтукоби ғайринақшавӣ” доир карда, мақомоти додситонӣ ва пулиси андоз аз онҳо нусхаи аснодро хостаанд.
Ҷунбиши “Барои ҳуқуқи башар”-и Русия гуфт, дафтараш дирӯз аз сӯи мақомоти додситониву пулиси андоз ва вазорати адлия ҷустуҷӯ шуд. Раҳбари ин созмон Александр Букварев гуфт, онҳо ба муфаттишон асноде дода наметавонанд, чунки ин ҳамаро қаблан мақомоти вазорати адлия бурданд. Аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ дар Русия садҳо созмони ғайридавлатӣ мавриди тафтиш қарор гирифтаанд. Вазорати адлия гуфт, мехоҳад маълум кунад, ки оё таъмини молии ин созмонҳо аз хориҷ ҷавобгӯи қонуни соле пеш тасвибшуда ҳаст ё хайр.
XS
SM
MD
LG