Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиятҳои Саакашвилиро камтар карданд


Парлумони Гурҷистон дар як иҷлоси ғайринавбатӣ бо иттифоқи оро салоҳиятҳои раисиҷумҳурро коҳиш дод. Тағйироти рӯзи душанбе воридшуда ба Қонуни асосӣ ҳаққи президент ба таъйину барканории сарвазир ё кобина бидуни ризоияти парлумонро лағв мекунад. Ин иқдом зоҳиран метавонад танишҳо байни раисиҷумҳур Михеил Саакашвилӣ ва сарвазир Бидзина Иванишвилиро камтар кунад. Ду раҳбар бояд то замони хатми давраи дувум ва ниҳоии раёсати Саакашвилӣ дар моҳи октябр қудратро бо ҳам бинанд. Набард барои қудрат байни онҳо аз замони пирӯзии эътилофи Орзуи гурҷии Иванишвилӣ бар Ҷунбиши миллии Саакашвилӣ дар интихоботи парлумонии моҳи октябр идома дорад. Ба дунбол, чанд мақоми давлати Саакашвилӣ зиндонӣ шуда, ҳазорон тарафдори ӯ таҳти бозпурсӣ қарор гирифтанд. Ин тафтишот мояи ҳушдори дипломатҳои аврупоӣ дар бораи истифодаи адлияи мунтахаб ва таъқиби мунтақидони сиёсӣ дар Гурҷистон шудааст.
XS
SM
MD
LG