Пайвандҳои дастрасӣ

Воридоти мошин ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст


Мошинбозори Душанбе

Мошинбозори Душанбе

Барои бори аввал дар 10 соли охир воридоти мошин ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Бино ба оморҳо, дар ду моҳи аввали сол ба Тоҷикистон ба маблағи 104,4 миллион доллар мошин ворид кардаанд, ки назар ба як соли қабл 11,1 миллион доллар, ё 9,6 фоиз камтар аст. Вазорати иқтисод дар шарҳи коҳиши воридоти мошин ба кишвар гуфт, афзоиши нархҳо боиси кам шудани талабот дар бозори дохилӣ шуд. Аммо тоҷирон боло рафтани боҷу хироҷи гумрукӣ ва андози мошинҳои воридотӣ аз 1 февралро иллати аслии коҳиши воридот меноманд.
Соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз ним миллиард доллар мошин ворид шуда буд.
XS
SM
MD
LG