Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як тоҷик бо 37 бастаи ҳероин


Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон бо 37 бастаи ҳероин дастгир шудааст. Хадамоти зидди маводи мухаддири Қирғизистон мегӯянд, ҷамъи ҳероини мусодирашуда 33 килову 660 грамм буд.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1344 километр марзи муштарак дорад, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба ҳисоб меравад. Соли гузашта дар Тоҷикистон қариб 6 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG