Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Аспи оҳанин" ба Афғонистон пой мегузорад


Қатори боркаш дар истгоҳи Хайратони Афғонистон

Қатори боркаш дар истгоҳи Хайратони Афғонистон

200 сол баъд аз бунёди нахустин роҳҳои оҳан дар Аврупо, ки дунёи нақлиётро барои ҳамеша дигар кард, “аспи оҳанин” пой ба Афғонистон мегузорад.

Афғонистон ҳам ба хотири таҳрики рушди иқтисод ва тавсиаи тиҷораташ ба сохтани нахустин шабакаи роҳи оҳани саросарӣ иқдом мекунад. Муовини вазири фавоиди оммаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Ваҳид мегӯяд, ҳадаф аз ин тарҳ ба як пули заминӣ байни манотиқи саршор аз манобеъи энержии Осиёи Марказиву Ховари Миёна ва Чину Осиёи ҷанубӣ табдил додани Афғонистон аст: “Агар Афғонистон ба шакли занҷирӣ ба ҳам васл шавад бо роҳи оҳан ва бо кишварҳои ҳамсоя васл шавад, ин дар оянда як рушди фавқулодда ва муҳимеро нишон хоҳад дод дар тиҷорату транзит ва сатҳи зиндагии худи мардуми мо.”

Қадами аввал дар ин барнома такмили 75 километр роҳи оҳане буд, ки шаҳри Мазори Шариф дар шимоли Афғонистонро бо шабакаи роҳҳои оҳани Узбакистон пайваст. Ин хатт бо тақрибан 160 миллион доллар кумаки молии Бонки осиёии рушд сохта шуд. Ширкати роҳи оҳани Узбакистон дар ҳоли ҳозир асноди иқтисодии тарҳеро меомӯзад, ки то марзи Тоҷикистону Афғонистон давом додани ин роҳи оҳанро ба ҳадаф дорад.

Қадами дувум тарҳи бунёди 400 километр роҳи оҳанест, ки низ бо сармояи Бонки осиёии рушд сохта шуда, Туркманистону Тоҷикистонро тавассути шимоли Афғонистон ба ҳам мепайвандад. Ёддошти тафоҳум дар ин бора дар ҳошияи ҷашни Наврӯз дар Ишқобод миёни руасои ин се ҷумҳурӣ имзо шуд. Қарор аст, бунёди ин масир моҳи июл аз Туркманистон оғоз ёфта, бахши афғониашро низ бояд коргарони туркман бисозанд.

Муовини вазири фавоиди оммаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Ваҳид ин роҳи оҳанро дар мавриди ба бозорҳо расондани нафту маъодини дигаре, ки дар шимоли кишвар истихроҷ мешавад, пурфоида мебинад: “Ин дар воқеъ инқилоби бузургеро дар арсаи тиҷорату транзиту табодулоти минтақавӣ дар Афғонистон ба бор оварда, кишварҳои Осиёи Марказиро низ бо ҳам васл хоҳад кард. Ин плани кӯтоҳмуддат ҳам таъсироти бисёр мусбату хубе дар рушди иқтисоди мардуми мо хоҳад дошт. Ва моли туҷҷори мо ҳам дар банд нахоҳад монд ва тиҷорату транзит як равнақи хосеро дар ин қисмат ба худ хоҳад гирифт.”

Бар изофаи ин ду тарҳи марбут ба шимоли кишвар, чанд тарҳи дигари роҳҳои оҳан низ дар нақша будаанд, ки ба Эрон пайвастани ғарби Афғонистон ва ба Покистон васл кардани ҷануби ин кишварро дар назар доранд. Музокираҳо ба манзури ба шабакаи воҳиди роҳҳои оҳани кишварҳои пасошӯравӣ пайвастани Афғонистон ва сохтани роҳи оҳане, ки битавонад Афғонистонро бо Озарбойҷону Туркия ва Гурҷистон бипайвандад, низ идома доштаанд.

Ба ҳам васл кардани гӯшаҳои гуногуни Афғонистон аз тариқи роҳҳои оҳан ба сари худ чизи нав нест ва сӯҳбаташ даҳсолаҳо боз идома дорад. Муаррихи афғон Ҳабибуллоҳ Рафӣ мегӯяд, аксари ҳокимони Афғонистон дар асрҳои 19 ва 20 монеъи талошҳо барои сохтани шабакаи минтақавии роҳи оҳан буданд, чунки метарсиданд, ки ин дасти салтанатҳои Бритониёву Русия барои ишғоли хоки Афғонистонро дарозтар мекунад.

Ба сохтмони нахустин роҳи оҳан дар Афғонистон соли 1925 азм карданд. Ин роҳ ҳамагӣ 7 километр тӯл дошт ва мебоист маркази Кобулро бо Қасри Доруламон дар ҳошияи ҷанубии пойтахт васл мекард.


Амонуллоҳхон

Амонуллоҳхон

Сохтани ин роҳ бахше аз талошҳои шоҳи ислоҳталаб Амонуллоҳхон барои навсозии кишвар буд, ки дар пайи суқути ӯ дар исёни соли 1929 ба раҳбарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, дигар нотамом монд.

Муҳаммад Довудхон, ки соли 1973 дар пайи барканории Муҳаммад Зоҳиршоҳ раисиҷумҳур шуд ва то соли 1978 ҳукумат ронд, низ тарҳҳои нави сохтани роҳҳои оҳанро дар сар дошт, вале ба гуфтаи Ҳабибуллоҳ Рафӣ, барои иҷрои ин кор на пул ёфту на фурсат: “Дар замони Довудхон тарҳе вуҷуд дошт, ки бояд Кобулро аз тариқи Ҳазораҷот бо Ҳирот мепайваст. Аммо ҳукумати ӯ сарнагун шуд ва ин тарҳ ҳам иҷро нашуд.”

Аз он ҳама талошҳои нокоми Афғонистон барои бунёди роҳҳои оҳан дар ҳавлии осорхонаи Кобул танҳо як локомотив ва чанд вагони харидаи Амонуллоҳхон ба ёдгор мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG