Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандагони ҳамкори НАТО дар Бишкек эътироз карданд


Тақибан 30 ронандаи мошинҳои борбар, ки барои нируҳои НАТО дар Афғонистон бор мекашонанд, дар Бишкек ба эътироз баромаданд. Онҳо гуфтанд, ки кори онҳоро баъзе ширкатҳои зери нуфузи мақомоти расмии Қирғизистон гирифтаанд.

Онҳо аз ин мақомоти расмӣ ном набурдаанд, вале онҳоро “Моҳиҳои калон” номидаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин ширкатҳо тирамоҳи соли гузашта ба кор шурӯъ кардаанд.
Ронандагони эътирозгар ҳамчунин хостаанд, ки дастмузди онҳоро боло баранд.

Ҷунбиши ронандагони Қирғизистон бо номи Эйдучӣ, ки бештар аз 100 ронанадаро муттаҳид мекунад, аз ҳукумати Қирғизистон хостааст, ки тартиботро барқарор кунад. Ронандагон аз 20 март ба ин сӯ эътирози худро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG