Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз тавофуқоти молии Қибрис ва Аврупо розӣ нест


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев
Ҳукумати Русия ба тавофуқоти миёни Қибрис ва вазирони молии кишварҳои қаламрави истифодаи пули евро вокуниши манфӣ нишон дод. Ин тавофуқ ба пулҳои сармоягузорони Русия дар бонкҳои Қибрис таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия рӯзи душанбе гуфт, ин тавофуқот навъе “дуздии пул” аст ва дастур дод, ки оқибатҳои онро биомӯзанд.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аз ҳукумати кишвараш хост, ки 2,5 миллиард евро қарзи пешбинишуда барои Қибрисро бознигарӣ кунад.

Тибқи тавофуқоти Қибрис ва кишварҳои қаламрави евро касе, ки бештар аз 100 ҳазор евро дар бонкҳои Қибрис сармоя дорад, бояд молиёти зиёд пардозад.
XS
SM
MD
LG