Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EIU: Демократия порсол на бурд дошту на бохт


Маркази мутолеоти иқтисодӣ дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро ба феҳристи кишварҳои низомашон худкома шомил кард.

Пажуҳишгарони Маркази мутолеоти иқтисодӣ (EIU), мақараш дар Лондон, баъди омӯзиши вазъи демократия дар 165 кишвар ва дар ду қаламрав ба натиҷае расиданд, ки дар ин масир пешрафти муҳиме мушоҳида нашудааст ва аммо ақибравӣ низ ба чашм нарасидааст. Нишондодҳои демократия, ки аз рӯи 5 омил - равандҳои интихоботӣ ва гуногунандешӣ, озодиҳои шаҳрвандӣ, фаъолияти ҳукуматҳо, саҳмгирӣ дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ. анҷом гирифтааст, тақрибан чун дар соли 2011 боқӣ мондааст.

Муаллифон навиштаанд, ки дар даҳ кишвари Аврупои шарқӣ сатҳи демократия андаке поийн рафт. Дар кишварҳои узви Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд, аз нигоҳи муаллифони гузориш, равандҳои худкомагӣ коҳиш наёфтаанд. Соли гузашта ба вижа расонаҳои электронӣ таҳти назорат ё зери нуфӯзи давлат қарор гирифтанд, ҳарчанд таъқиб ва нақзи озодии баёни хабарнигорони нашрияву маҷаллаҳо ҳам идома дошт.

Маркази мутолеоти иқтисодӣ 25 кишварро, ки дар онҳо каме бештар аз 11 дар сади аҳолии олам ба сар мебарад, “комилан демократӣ” ном бурдааст. Ба “даҳгона”-и чунин кишварҳо – Норвегия, Шветсия, Исландия, Дания, Зеландияи Нав, Австралия, Шветсария, Канада, Финландия ва Ҳуланд шомиланд. 54 кишвар демократӣ маҳсуб мешаванд, ҳарчанд дар онҳо камбудиҳои ночиз дар равандҳои демократӣ боқӣ мондааст. Дар ин гуна кишварҳо, ба иттилои Маркази мутолеоти иқтисодӣ, каме бештар аз 37 дар сади мардуми сайёра зиндагӣ мекунанд. Аз давлатҳои пасошӯравӣ ба феҳристи чунин кишварҳо Эстония, Литва, Латвия ва Молдавия ворид карда шудаанд. Дар 37 кишвар режими омехта сари қудрат аст ва дар онҳо беш аз 14 дар сади мардуми олам мустақаранд. Дар ин феҳрист фақат як кишвари Осиёи Марказӣ – Қирғизистон ва ҳамчунин Украина, Гурҷистон ва Арманистон ҷой дода шудаанд. Дар 51 кишвари дигар бошад, ба иддаои муаллифони гузориш, низомҳои худкома болои 37 дар сад сокинони сайёра ҳукмронанд. Пажуҳишгарони EIU кишварҳои шӯравии собиқ Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистонро “худкома” унвон кардаанд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва раҳбари созмони ғайридавлатии «Перспектива+» бо арзёбии Маркази мутолеоти иқтисодӣ розӣ аст ва мутмаин аст, ки сатҳи демократия дар Тоҷикистон соли гузашта ҳатто коҳиш ёфт. Ба
Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова
гуфтаи ӯ, “чанд ҳодисае, ки шоҳиди он шудем, аз мубориза алайҳи озодии баён, алайҳи матбуот, бастан ё маҳдудсозии сомонаҳои интернетӣ, парвандаҳои додгоҳии мансабдорони ҳукуматӣ зидди расонаҳо сар карда то афзоиш ёфтани шиканҷа дар маҳбасҳо баёнгари он аст, ки ҳатто дастовардҳои пешинаро аз даст додаем”.

Хонум Бобоназарова меафзояд, ки фаъолиятҳои сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ ҳам дар Тоҷикистон дар сатҳи пойин боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ҳам фаъол нестанд ва барои рушди демократия саҳм намегиранд. “Сабаби ин, пеш аз ҳама, номукаммал будани қонун дар бораи интихобот аст, дуюм – ҳамон психологияи шӯравии боқимонда аст, ки боло чизе гуфт, поён ҳамонро мекунад. Сеюм, ҳизбҳои сиёсӣ, ғайр аз ҳизби ҳоким, бовар надоранд, ки бо қонунҳои феълии кишвар метавонанд дар ягон интихобот пирӯз шаванд. Чизи дигарро ҳам бояд гуфт, ки ҳизбҳои сиёсӣ фақат пеш аз интихобот ба ҳаракат медароянд, дар дигар мавридҳое, ки бояд овози онҳо шунида шавад, сукутро ихтиёр мекунанд”, мегӯяд ҳуқуқдони маъруф.

Ба навиштаи муаллифони гузориши Маркази мутолеоти иқтисодӣ, баъд аз “Баҳори араб” бисёриҳо интизори мавҷи нави демократисозӣ дар кишварҳои арабӣ ва шимоли Африқо буданд, вале маълум шуд, ки демократия дар минтақа дурнамои қавие надорад. Аз сӯи дигар, соли 2012 бисёр кишварҳо на ба ҳалли масоили сиёсӣ, балки ба ҷустуҷӯи роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони моливӣ бартарӣ медоданд.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки баъди дубора сари қудрат омадани Владимир Путин дар Русия чанд қонуни баҳсбарангез, аз ҷумла, дар бораи сензура, дар бораи пардохти ҷаримаи бузург барои ширкат дар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ қабул шуда, маҳфуми “хиёнат” дар қонуни кишвар гузориш ёфт. Дар ин тарҳ, ки рӯзи 23-юми октябр аз сӯи Думаи давлатии Русия пазируфта шуд, аз ҷумла, “расондани кӯмакҳои молӣ, техникӣ ва машваратӣ” ба онҳое, ки талоши тахриби амнияти Русия ва аз байн бурдани низоми конститутсионӣ ва якпорчагии онро доранд, чун хиёнат ба Ватан арзёбӣ шудааст.Гуфта мешавад, ки сатҳи пойини озодиҳои шаҳрвандиро дар Русия мурофиаи додгоҳии ҳунармандони гурӯҳи Pussy Riot урён кард. Ба таъкиди муаллифон, Владимир Путин, ки соли 2000 раисиҷумҳур интихоб шуда буд, метавонад ду давраи шашсолаи дигар - то соли 2024, яъне то 71-солагияш сарвари кишвар боқӣ монад. Барои қиёс Леонид Брежнев фақат 18 сол ба Иттиҳоди Шӯравӣ сарварӣ карда буд. Аз ҳама бештар Иосиф Сталин – аз миёнаҳои солҳои 20-ум бо даргузашташ дар соли 1953 раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Маркази мутолеоти иқтисодӣ мегӯяд, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзӯи ворис ё интиқоли мақом метавонад мушкили ҷиддӣ эҷод кунад. Муаллифон ба он омил ишора кардаанд, ки ҳам раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ҳам раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов беш аз 70 сол умр доранд, вале то ҳол ворисҳояшон маълум нестанд. Муаллифони гузориш ҳадс мезананд, ки даргузашт ё корношоямии Назарбоев ва Каримов шояд боиси муборизаи шадиди дохилӣ барои мақоми сарвари давлат миёни мақомдорон ё мунҷар ба нооромиҳову ошӯбҳои мардумӣ гардад.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳам шонси ба феҳристи “раҳбарони рекордсмен” шомил шуданро дорад. Ӯ соли 1993 сарвари Тоҷикистон интихоб шуд ва метавонад то соли 2020 сари қудрат боқӣ монад.
XS
SM
MD
LG