Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаби Мирзо барандаи Ҷоизаи Абдулҳай Мирзоев шуд


Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо
Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо

Озмун барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абдулҳай Мирзоев, ки соли гузашта дар маросими таҷлили 100-солагии матбуоти тоҷик дар ноҳияи Восеъ эълон шуда буд, дар рӯзҳои баргузории ҷашни Наврӯз ҷамъбаст гардид.

Субҳон Раҷаб, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Восеъ, рӯзи душанбеи 25-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, озмун барои рӯзноманигорон дар се бахш – телевизион, радио ва матбуот эълон гардида буд. Ҳайати ҳакамон соли равон ҷоизаи ба номи Абдулҳай Мирзоевро дар бахши телевизион ба муҳаррири барномаҳои шабакаи телевизионии ноҳиявии «Мавҷи озод» Хоҷа Назрӣ, дар бахши радио ба сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» Ҷонибеки Асрориён ва дар бахши матбуот ба журналисти шинохта Раҷаби Мирзо сазовор донистанд.

Субҳон Раҷаб афзуд, ба журналисти маҳаллӣ Зафар Муродов, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ матлаб менависад, ҷоизаи махсуси ҳукумати ноҳияи Восеъ супурда шуд. Таҳти номинатсияи махсуси «Таваҷҷуҳи хонанда» журналисти шинохта Аҳмади Иброҳим ва хабарнигори минтақавии рӯзномаи «Садои мардум» Темуршоҳи Файзалӣ низ аз ҷониби ҳайати ҳакамон қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, адибони шинохтаи кишвар Абдулҳамид Самадов, Абдуқодири Раҳим ва Карим Давлат бо туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Хабарнигори минтақавии шабакаи телевизионии «Сафина» Ширинҷон Сафарзода ғолиби номинатсияи «Овози хоса» дониста шуд.

Ба иттилои мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Восеъ, журналистон ва меҳмонони ҷашнвора, инчунин, дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 53-и ноҳия, ки ба номи Абдулҳай Мирзоев гузошта шудааст ва оғози фаъолияти китобхонаи маҳаллӣ дар деҳаи Кадучӣ низ ширкат варзиданд. Иштирокчиёни нишаст пешниҳод намуданд, ки як ҷоизаи ҷумҳуриявӣ ба номи Ғоиб Сафарзода барои хабарнигорон таъсис дода шавад ва ин пешниҳоди онҳо аз ҷониби раиси ноҳия пазируфта шуд. Интизор меравад, ки ин ҷоиза ҳамасола дар арафаи таҷлили рӯзи матбуоти тоҷик дар пойтахт ба ғолибон супорида шавад.

Бояд гуфт, ки Абдулҳай Мирзоев, аввалин сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Барои коммунизм» буд, ки баъдан ин нашрия таи чанд муддат бо унвони «Мубориз» нашр шуд ва феълан «Гулхани Восеъ» номгузорӣ гардидааст. Соли гузашта ҳангоми таҷлили 100-солагии матбуоти тоҷик гурӯҳе аз рӯзноманигорон пешниҳод карда буданд, ки дар ноҳия ҷоизаи ба номи Абдулҳай Мирзоев таъсис гардад ва ҳамасола журналистони шинохтаи ноҳияву ҷумҳурӣ барои фаъолияти босамарашон дар васоити ахбори омма бо ин ҷоиза қадрдонӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG