Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи артиши озоди Сурия сахт захмӣ шудааст


Риёд Асод дар паси миз

Риёд Асод дар паси миз

Фаъолони Сурия мегӯянд, яке аз фармондеҳони боломақоми онҳо дар вилояти шарқии Дейр Зоир дар таркиши бомбае сахт захмӣ шудааст.

Дафтари фаъолони Ҳуқуқи Башари Сурия дар Британия гуфтааст, Риёд Асод-фармондеҳи артиши озоди Сурия субҳи рӯзи душанбе дар суиқасде ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба гузоришҳо, вай барои муолиҷа ба Туркия интиқол дода шудааст. Масъулияти ин суиқасдро касе ё нируе бар душ нагирифтааст.

Риёд Асод аз ҷумлаи аввалин афсароне буд, ки аз хидмат дар артиши режими Башор Асад рӯй тофт ва соли 2011 ба шӯришиён пайваст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG