Пайвандҳои дастрасӣ

Саркисён хостори музокира бо рақиби интихоботиаш шуд


Музокироти пешини Саркисён бо Ҳованнисён, 21 феврал

Музокироти пешини Саркисён бо Ҳованнисён, 21 феврал

Серж Саркисён-раиси ҷумҳури Арманистон ишора кардааст, ки ба музокира бо Раффӣ Ҳованнисён-рақиби интихоботии худ розист. Ҳоло Ҳованнисён ба нишонаи эътироз бар зидди натиҷаҳои эълоншудаи интихобот гуруснанишинӣ мекунад.

Дафтари матбуотии раиси ҷумҳур рӯзи душанбе дар бораи номаи раиси ҷумҳур ба Ҳованнисён хабар дод. Раиси ҷумҳур аз рақиби худ хостааст, ки ба гуруснанишинии дуҳафтаина хотима диҳад ва ба музокира машғул шавад.

Номаи Саркисён номаи ҷавобӣ ба Ҳованнисён буд, ки рӯзи ҷумъа ба раиси ҷумҳур фиристод. Ҳованнисён дар номаи худ гуфтааст, ки вай натиҷаҳои интихоботи 18 феврали раёсати ҷумҳуриро эътироф мекунад, ба шарти ин ки то поёни соли ҷорӣ интихоботи порламонӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG